Даъват барои таъмини озодии баён дар интихоботи Тоҷикистон

  • 22 Январ, 2015
Интихобот Image copyright BBC World Service
Image caption Созмонҳои мустақили хориҷию дохилии Тоҷикистон хостори таъмини озодии баён дар интихоботи Тоҷикистон шудаанд

Созмонҳои мустақили хориҷию дохилии Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар даъват кардаанд, дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ шароитро барои озодии баён фароҳам кунанд.

Дар баёнияи муштараки созмони байналмилалии “Артикл 19” ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки рӯзи панҷшанбеи 22 январ дар сойти “nansmit.tj” мунташир шудааст, аз давлат, Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ, аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо дар интихобот хостори “эҳтиром ва ҳимояти озодии баён дар остона ва рӯзи интихоботи порлумонӣ” шудааст.

Дар ин баёния ба нақши васоити ахбори умум дар раванди интихобот, мубоҳисоти қаблазинтихоботӣ ва баргузории интихоботи озоду шаффоф ва демукротик дар кишвар таъкид шудааст.

Дар ин замина ба асноди байналмилалӣ, назири Муоҳидаи байналмилалии ҳуқуқҳои маъмурӣ ва сиёсӣ, ки Тоҷикистон дар рӯзи 4 январи соли 1999 тасвиб кардааст ва тавсияҳои Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар мавриди истондортҳои демукротик ишора шудааст.

Муаллифони баёния аз расонаҳо ва хабаргузориҳои давлатию мустақили Тоҷикистон даъват кардаанд, дар пахши матолиби таҳлилию хабарӣ дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ дар 1 марти соли ҷорӣ аз усули бетарафии сиёсӣ кор гирифта, аз мавзеъи аҳзоб ё номзадҳои мустақил ҳимоят накунанд.

Ҳамчунин, муаллифон гуфтаанд, ниҳодҳои зирабти давлатӣ муваззафанд, ба куллияи васоити ахбори умум, новобаста аз давлатӣ ё мустақил будани онҳо иттилооти заруриро ирсол карда ва амнияти журнолистонро дар остона ва рӯзи интихоботи порлумонӣ таъмин кунад.

Таърихи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳалии Тоҷикистон 1 марти соли ҷорӣ таъйин шуда, интизор меравад дар он 7 ҳизби сиёсии кишвар ва номзадҳои мустақил аз ҳавзаҳои якмандатӣ ширкат кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) эълом кардааст, ки ба далели зиндонӣ шудани Шӯҳрат Қудратов, узви ин ҳизб ва номзад ба интихоботи порлумонӣ аз ширкат дар интихоботи порлумонӣ худдорӣ мекунад.

Дар авоили моҳи ҷорӣ додгоҳи шаҳри Душанбе оқои Қудратовро ба иттиҳоми “додани ришва” ва “қаллобӣ” ба 9 сол зиндон маҳкум кард.

Матолиби муртабит