Музокироти Виен 'барои ширкати тамомии аъзои 5+1 тамдид мешавад '
Image copyright
AP
Музокироти ҳастаии Виен бо ҳузури соири аъзои Гурӯҳи 5+1 идома меёбад ва гузоришҳое аз барномаи мулоқоти вазирони хориҷаи Эрон ва Омрико дар Виен интишор ёфтааст.
Рӯзи чаҳоршанбеи 15 октябр намояндагии Эрон дар нишасти сеҷонибаи Виен эълом кард, ки ин музокироти дурӯза ба муддати як рӯзи дигар тамдид шуда ва қарор аст намояндагони тамомии кишварҳои узви Гурӯҳи 5+1 дар он ширкат кунанд.
Музокироти сеҷониба аз баъд аз зуҳри рӯзи сешанбе бо ширкати намояндагони Эрон, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо дар ҳутели Кубурги Виен оғоз шуд ва ба муддати як соъату иним идома ёфт. Ин гуфтугӯҳо барои ду рӯз барномарезӣ шуда буд.
Музокироти дурӯза дар сатҳи муъовинони вазирони хориҷаи Эрон ва Омрико ва муъовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо баргузор шуд, аммо воҳиди марказии Хабар, дар гузориши марбут ба тамдиди ин нишаст гуфтааст, ки ҳанӯз мушаххас нест, ки музокироти рӯзи панҷшанбе дар чи сатҳе сурат хоҳад гирифт.
Гурӯҳи 5+1 муташаккил аз кишварҳои узви доими Шӯрои Амният, Омрико, Чин, Русия ва Фаронса ҳамроҳ бо Олмон ба сарпарастии Иттиҳодияи Урупо, вазифаи ҳаллу фасли парвандаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломиро бар уҳда гирифтааст.
Рӯзи сешанбе, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ, ҳангоми вуруд ба Виен гуфт, ки ин даври музокирот метавонад роҳро барои расидан ба тавофуқи ниҳоӣ ҳамвор кунад, ҳарчанд афзуд, ки интизор надорад нишасти ҷории Виен ба тавофуқи ниҳоӣ мунҷар шавад.
Оқои Зариф ёдовар шуд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, гуфтааст, ки дар бораи асли мавзӯъ тафоҳуми куллӣ вуҷуд дорад ва афзуд, ки "он чи дар чанд рӯзи ахир дар хусуси он баҳсу гуфтугӯ шудаас,т дар бораи ҷузъиёт будааст." Вай мавзӯъоте монанди ҳаҷми ғанисозӣ ва замонбандӣ ва чигунагии лағви таҳримҳои хориҷӣ алайҳи Эронро аз ҷумлаи ҷузъиёти муҳим унвон кард.
Дар моҳи ноябри соли гузашта Эрон ва Гурӯҳи 5+1 ба як тавофуқи муқаддамотии шашмоҳа даст ёфтанд, ки бар асоси он Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари таълиқ ва тағйир дар бархе фаъъолиятҳои ҳастаӣ, иҷоза ёфт ба бахше аз дороиҳои масдудшудаи худ дар хориҷ даст ёбад. Тавофуқи муқаддамотӣ аз моҳи январ иҷроӣ шуд, бо ин интизор ки зарфи шаш моҳи баъд, ду тараф ба тавофуқи ниҳоӣ шомили рафъи комили нигаронии ҷомеъаи байналмилалӣ дар мавриди моҳияти фаъъолиятҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари лағви тамомии таҳримҳои хориҷӣ даст ёбанд.
Дар поёни ин муҳлат тавофуқи ниҳоӣ ба даст наёмад ва тавофуқи муқаддамотӣ ба муддати шаш моҳи дигар то 24-и ноябр тамдид шуд.
Рӯзи гузашта Мойкл Мон, сухангӯйи Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ва сарпарасти музокироти Гурӯҳи 5+1, ба нақл аз вай гуфт, ки тамомии талоши худро барои ҳусули тавофуқ то муҳлати таъйиншуда ба кор хоҳад гирифт. Оқои Мон афзуд: "Ин мавзӯъ аз ҳар ҷиҳат аҳаммияти бисёр дорад."
Рӯзи гузашта Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, низ гуфт, ки тасаввур намекунад дастёбӣ ба тавофуқ бо Эрон дур аз дастрас бошад.
Воҳиди марказии Хабар ба нақл аз оқои Мон афзудааст, ки рӯзи чаҳоршанбе дидоре дуҷониба байни оқои Зариф ва хонуми Аштун сурат хоҳад гирифт ва вазири хориҷаи Омрико ҳам ба ин нишаст мулҳақ хоҳад шуд.