Теъдоди паноҳандагони сурӣ дар Лубнон аз марзи "як миллиюн нафар гузашт"
Image copyright
AFP
Шумори паноҳҷӯёни Сурия дар Лубнон аз марзи як миллиюн нафар гузашт.
Рӯзи панҷшанбе, 14 фарвардин (3 апрел) Кумиссориёи олии паноҳандагони Созмони Милал гузориш кард, ки бо сабти номи як паноҳҷӯи дигар дар ин рӯз рақами паноҳҷӯёни сурӣ дар Лубнон ба як миллиюн нафар расид.
Ин ниҳоди Созмони Милал рақами паноҳандагони суриро нигаронкунанда хонда ва гуфтааст аз замони оғози буҳрони сиёсӣ ва даргирии низомӣ дар Сурия дар ҳудуди се соли пеш шумори шаҳрвандони сурӣ, ки кишвари худро тарк карда ва ба кишварҳои ҳамсоя гурехтаанд ҳар сол шитоби бештаре гирифтааст.
Онтуниу Гартар, кумиссари олии паноҳандагони Созмони Милал гуфтааст, ки вуруди ин теъдоди паноҳҷӯ ба Лубнон фишори фавқулъоддаро бар шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар ворид карда ва таъсисот ва ниҳодҳои хадамоти умумӣ дар Лубнон қодир ба муқобала бо афзоиши шадиди тақозо набудаанд.
Бар асоси омори расмии кумиссориёи олии паноҳандагон то кунун беш аз яку ним миллиюн нафар аз шаҳрвандони Сурия ба далели ҷанг ва ноамнӣ ба Урдун, Туркия, Ироқ ва сойири кишварҳо гурехтаанд, аммо шумори паноҳҷӯён дар Лубнон аз сойири кишварҳо бештар будааст.
Ҷамъияти Лубнон камтар аз панҷ миллиюн нафар аст ва ба гузориши кумиссориёи олии паноҳандагони Созмони Милал ҳузури як миллиюн паноҳҷӯи сурӣ боъис шудааст то Лубнон болотарин тарокуми паноҳҷӯ дар ҷаҳонро дошта бошад.
Дар айни ҳол илова бар он гурӯҳ аз паноҳҷӯёни сурӣ дар Лубнон, ки назди кумиссориёи олии паноҳҷӯён сабти ном кардаанд, теъдоди маълуме аз шаҳрвандони сурӣ низ ба Лубнон ва сойири кишварҳо гурехтаанд ва бидуни сабти ном ба унвони паноҳҷӯ дар ин кишвар ба сар мебаранд. Бархе манобеъ шумори ин гурӯҳ аз паноҳҷӯёни суриро то чаҳорсад ҳазор нафар тахмин задаанд.
Бархе аз паноҳҷӯён дар урдӯгоҳҳои вижаи паноҳандагон сукунат доранд, аммо шумори дигаре дар шаҳрҳои мухталифи Лубнон парокандаанд ва чанд ҳазор тан аз онон сабти ном нашудаанд.
Илова бар масоили иҷтимоӣ ва иқтисодии ношӣ аз ҳузури паноҳҷӯёни сурӣ дар Лубнон буҳрони Сурия боъиси афзоиши шикофи фирқаӣ ва сиёсӣ дар ин кишвар шуда ва дар мавориде даргирии хунини байни гурӯҳҳои тарафдор ва мухолифи ҳукумати Сурияро ба ҳамроҳ доштааст.
Шибҳнизомиёни Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки як гурӯҳи шиъии вобаста ба Эрон аст, дар канори нерӯҳои давлатии Сурия алайҳи мухолифони мусаллаҳи Башор Асад, раиси ҷумҳурии ин кишвар меҷанганд, дар ҳоле ки бархе гурӯҳҳои мусаллаҳи суннӣ дар Лубнон аз мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Сурия ҳимоят мекунанд.
Бо таваҷҷуҳ ба собиқаи даргириҳои қавмӣ ва фирқаӣ ва чандин соли ҷанги хунини дохилӣ дар Лубнон ихтилоф бар сари буҳрони Сурия боъиси нигаронии мақомоти Лубнон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди ин кишвар шудааст.
Ҷанги дохилии Лубнон дар пайи даргириҳои парокандаи мусаллаҳонаи байни шибҳнизомиёни вобаста ба чанд гурӯҳи фирқаӣ ва сиёсӣ дар соли 1975 оғоз шуд ва понздаҳ сол ба тӯл анҷомид ва даҳҳо ҳазор кушта бар ҷой гузошт, иқтисоди ин кишварро ба шиддат тазъиф кард ва мавқеъияти суннатии Лубнон ба унвони яке аз марокизи муҳими иқтисодӣ ва молии Ховари Миёнаро камобеш аз миён бурд.